КАРИМ АБДУЛОВ |
|
| Аввалсухан | Расмҳо | Асарҳо | Тамос | Дархостҳо |
|
|
Санаи 5 декабри соли 2010 илм, адабиёт ва публитсистикаи тоҷик талафоти бузург дод. Марги беамон аз байни мо олими забардаст, қаламкаши моҳир, марди сухандону суханвари оташинқалб, инсони багоят шарифу комил Карим Абдуловро рабуд. Инсоне аз байни мо рафт, ки умри безаволи худро ба рушду нумӯи фазои маънавии ҷомеа бахшида буд. Ба Карим Абдулов зиндагии башаст, ғайрат ва ҳиммати беандоза, истеъдоди нотакрору ҳаёти пурмазмун хос буд. Тамоми умр ӯ қаламкашӣ мекард. Агар дар оғоз асарҳои ӯ ба натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ бахшида шуда бошанд, солҳои минбаъда ҳамчун нависанда ба публитсистика бештар таваҷҷӯҳ намуд. Асари бисёрҷилдаи ӯ «Дар ин дунё» падидаи нотакрори ҳаёти маънавии ҷомеа гардид. Барои меҳнати шоиста дар назди халқу Ватан Карим Абдулов бо ордени «Нишони фахрӣ», унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва се медал мукофотонида шудааст. Истеъдоди баланди эҷоди ба ӯ имконият дод, ки ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Хоҷа Камол, ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизаи ҷамъияти «Дониш» ба номи академик Баҳоваддинов муваффақ шавад. Шаҳрванди фахрии шаҳри Чкалов буд. Хотираи дурахшони инсони нексиришт, олими забардаст, устод ва мураббии ҷавонон Карим Абдулов дар дили халқ абади хоҳад монд.
Профессор Карим Абдулов 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Куҳистони Масчоҳ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи шаҳри Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону чавонони ин даргоҳи донишро ба уҳда дошт. Карим Абдулов соли 1970 ба кори ҳизби гузашт. Солҳои 1988-90 дотсент, доктарант ва профессори ДДМТ буд. Аз соли 1991 то соли 1992 ба ҳайси мудири котиботи Президенти Чумҳурии Точикистон кор кардааст. Ҳоло мушовири Раиси Ҳукумати вилояти Суғд, Раиси Чамъияти «Дониш»-и вилояти «Суғд» мебошад. Профессор Карим Абдулов бо ордени «Нишони фахри», се медал мукофотонида шуда, сазовори унвони «Корманди шоистаи Точикистон» ва дорандаи чоизаҳои ба номи академик Бобочон Fафуров, ба номи Аловаддин Баҳоваддинов ва чоизаи Иттифоки рузноманигорон ба номи Абулкосим Лоҳути, аъзо-корреспонденти Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хучанд» мебошад. Профессор Карим Абдулов ба мамолики Олмон, Булғория, Сурия, Ирок, Арабистони Сауди, Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка сафарҳои расми ва эчоди анчом додааст. Ду маротиба мукаддасоти бузурги мазҳаби, аз чумла ҳаччро ба чо овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дуняви рисолаи махсус бо номи «Ҳачнома» таълиф намудааст. Аз таасуроти сафари эчодии Эрон китоби публисисти иншо кардааст. Ба калами К.Абдулов китобҳои публисистии «Роҳи беҳбуд» (Роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз шаш чилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоики миллат», «Дарёниҳод», «Аловаддин Бобоев», «Бахти таърихи», «Асъори милли» ва ғайраҳо мутаалликанд. |
|
© 2004 - 2011 Абдулов Карим
|